Гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистон дар Осорхонаи мероси Покистон бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардид

Хулоса ва заминаи хабар
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистонро дар Осорхонаи меросии миллии этнографии Покистон дар Исломобод бо лавҳаҳои нав пурра намуд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон гӯшаи мардумшиносии Тоҷикистонро дар Осорхонаи мерос — Осорхонаи миллии этнографии Покистон (Heritage Museum / Pakistan National Museum of Ethnology), воқеъ дар маҷмааи фарҳангии «Lok Virsa»-и шаҳри Исломобод, бо ёдгориҳои нави фарҳангӣ ва таърихӣ ғанӣ гардонид.
Ба иттилои манбаъ, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани муҳтавои гӯшаи Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаҳои дорои тасвир ва маълумоти таърихию фарҳангӣ ҷойгир карда шуданд. Аз ҷумла, лавҳаи «Устувонаи Куруши Кабир» ва лавҳаи намунаҳои «Хазинаи шукуҳманди Амударё» (Ҷавоҳироти Окс) насб гардиданд.
