Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»

Хулоса ва заминаи хабар
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» дар Душанбе форум оид ба механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун роҳи муосири ҷалби сармоя ба иқтисодиёт баргузор шуд.
Дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» Форуми «Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, усули муосири ҷалби сармоя ба иқтисодиёт» баргузор гардид.
Ин ҳамоиш ба майдони муколамаи мустақим байни намояндагони давлат, соҳибкорон, сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва шарикони рушд табдил ёфт.
Дар он масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётӣ ва роҳсозӣ, энергетика ва саноат, технология ва инноватсия, тандурустӣ ва маориф, инчунин ҷалби сармояи венчурӣ барои стартапҳо ва рақамикунонии хизматрасониҳо баррасӣ шуданд.
