Дар Норак дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» доир гардид.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, 16 октябр дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» баргузор шуд. Форум аз 13 то 18 октябр бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва бо ҳамкории вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд идома дорад.
Ҳадафи чорабинӣ муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ ва иқтидори иқтисодию истеҳсолии минтақа гуфта мешавад. Дар рафти фестивал масъалаҳои рушди сайёҳии фарҳангӣ, экологӣ, деҳотӣ ва кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ баррасӣ шуданд.
Тибқи иттилоъ, форум беш аз 20 чорабиниро дар бар мегирад ва дар он 2000 меҳмони хориҷӣ аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз низ пешбинӣ шудаанд.
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: Институти метеорологии Норвегия
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»