Ширкати чинӣ «LONGi» барои сохтани неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад


Дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо намояндагони «LONGi» масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва ҷалби сармоягузорӣ барои сохтани неругоҳҳои барқи офтобӣ баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи энергетика тақвият медиҳанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти энергетика, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»