Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои узви ИДМ дар Минск баргузор шуд


17 September 2026 дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Сулаймон Султонзода роҳбарӣ кард.
17 September 2026 дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иштирок намуд.
Иштирокчиён масъалаҳои раванди муқовимат ба коррупсия дар давлатҳои узви шуро, роҳҳои муосири мубориза бо ин зуҳурот, мусодираи молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, гузаронидани экспертизаҳои зиддикоррупсионӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои паст кардани шиддати коррупсия баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»