Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
23-09-2026 Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» дар вилояти Суғд — неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт бо иқтидори 250 мегаватт — ба анҷом расидааст.
23-09-2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳор доштанд, ки ин иншооти муҳим ду рӯз пеш ба фаъолият оғоз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин қадам барои густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия заминаи мусоид фароҳам меорад. Роҳбари давлат хотирнишон намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди инфрасохтори энергетикии вилояти Суғд ва беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо неруи барқ як қатор лоиҳаҳои стратегии муҳим амалӣ шуданд. Дар натиҷа шабакаҳои барқии ҷануб ва шимоли кишвар тавассути хати интиқоли барқи 500-киловолта ба ҳам пайваста, низоми ягонаи энергетикии кишвар таъсис ёфт ва амнияти энергетикӣ тақвият дода шуд. Ба иттилои ӯ, лоиҳаи хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб - Шимол» ба масофаи 264 километр, инчунин зеристгоҳҳои «Душанбе - 500» ва «Суғд - 500» ба маблағи 2.8 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Ҳамчунин, дар 15 соли охир дар соҳаи энергетикаи вилояти Суғд 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5.4 миллиард сомонӣ иҷро шуда, аз ҷумла таҷдиди неругоҳи «Қайроққум», бунёди хатҳои интиқол ва лоиҳаҳои коҳиши талафоти неруи барқ ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат кардаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»