Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд.
Дар оғози суҳбат Президенти Русия Сарвари давлати Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро изҳор намуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори миннатдорӣ барои ин табрикоти гарму самимӣ таъкид кард, ки таманниёти некро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонад. Дар идома сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки бар асоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, баррасӣ карданд.
Президентҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»