Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент ва дар доираи манзумаи «Тамаддуни ориёӣ», ки дар ҳошияи китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Эмомалӣ Раҳмон эҷод шудааст, озмун баргузор мекунад.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ дар доираи манзумае роҳандозӣ мегардад, ки дар ҳошияи китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҷод шудааст.
Ҳадафи озмун таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, шинохти чеҳраҳои барҷастаи тамаддунофар ва омӯзиши амиқи корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ гуфта мешавад.
Дар озмун ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишҷӯёни муассисаҳои олии мамлакат, омӯзгорон ва намояндагони гуногункасб иштирок карда метавонанд. Озмун аз 10 то 14 ноябр баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»