Оғози сохтмони маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
5 октябр Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои он санги асос гузошт.
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои он санги асос гузошт.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ Текстил Тоҷикистон ва ҶДММ Пахтаи Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд мешавад. Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 000 тонна ришта ва то 3 000 тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмӯъ, дар ин коргоҳҳо 440 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд.
Ҳамчунин дар маҷмаа корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори солонаи 60 480 тонна пахтаи хом бунёд мегардад. Дар ин ҷо барои 200 сокини маҳаллӣ кори доимӣ ва мавсимӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»