Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Иштирокдорони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи барномаи чорабиниҳои фарҳангии Бозиҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ҳадафи боздид шиносоии меҳмонон бо таъриху фарҳанг, тамаддун, санъат ва мероси пурғановати халқи тоҷик ва ҳамзамон муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфта шуд. Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангиву илмии кишвар дар ҳифз, омӯзиш, муаррифӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик нақши муҳим дорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»