Фардо, 2026-10-22, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз шуда, то 2026-10-24 идома меёбад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», ин намоишгоҳ бо мақсади таблиғи китобу китобхона, боло бурдани завқи китобхонӣ ва рушди муносибатҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Намояндагони корхонаҳои табъу нашри ватанӣ ва ноширони қариб даҳ давлати ҷаҳон китобҳои тозанашрро ба намоиш мегузоранд. Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон ба анъана табдил ёфтааст. Ин чорабинӣ аз соли 2010 ин ҷониб тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол баргузор шуда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, тарғиби китоб ва китобхонӣ нақши муҳим мегузорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»