Президенти Тоҷикистон 14 октябр гуфт, ки мораторий ба санҷиши соҳибкории хурду миёна, ба истиснои санҷишҳои андоз, боз ду сол то 1 январи соли 2029 тамдид мегардад.
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат изҳор доштанд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна мораторий барои санҷиши ин субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар то 1 январи соли 2029 тамдид карда шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки татбиқи ин қарор бо риояи ҳолатҳои истисноии пешбининамудаи қонун таъмин гардад ва ҳар гуна санҷиш, талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё даъвати соҳибкор ба мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонун ва бо асосҳои дақиқи ҳуқуқӣ сурат гирад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки аз 1 январи соли 2027 санҷишҳо барои дигар субъектҳои соҳибкорӣ танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва бо таъмини асоснокӣ ва шаффофият гузаронида мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»