Дар Душанбе озмунҳо аз рӯйи номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои халқӣ» дар доираи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз ёфт.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» дар санаи 2026-10-07, имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон озмун дар номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои халқӣ» миёни иштирокчиёни 14 то 21-сола оғоз гардид.
Дар хабар гуфта мешавад, ки баргузории ин бахшҳо ба дарёфт ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди эҷодиёти наврасону ҷавонон ва муаррифии фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ёдовар шудаанд, ки маросими ифтитоҳи ин даври Бозиҳо 2026-10-06 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор шуда, мусобиқаҳо то 2026-10-09 идома меёбанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»