Барои соҳибкорон дар Тоҷикистон зиёда аз 240 кафолат ва имтиёз пешбинӣ шудааст, аз ҷумла 110 имтиёзи андозиву гумрукӣ


Дар Тоҷикистон барои соҳибкорон ва сармоягузорон зиёда аз 240 навъи кафолат ва имтиёз пешбинӣ шудааст, ки беш аз 110-тои онҳо ба андозу гумрук марбутанд.
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /НИАТ «Ховар»/. Имрӯз қонунгузории Тоҷикистон барои соҳибкорон ва сармоягузорон зиёда аз 240 навъи кафолат ва имтиёзро пешбинӣ мекунад. Аз ин шумора, беш аз 110 имтиёз ба соҳаҳои андоз ва гумрук рост меояд.
Ҳамчунин 14 октябр дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони кишвар гуфта шуд, ки бо ташаббуси Ҳукумат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ истеҳсоли зиёда аз 100 намуди онҳо аз пардохти андоз озод шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»