Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд


Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои об Парвиз Яҳёзода дар Латвия бо намояндагони Latvenergo ва сохторҳои танзимгари соҳаи барқ мулоқот кард.
Душанбе, 2026-10-02, аъзои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар Латвия бо роҳбарият ва масъулини ширкати энергетикии «Latvenergo», мақоми танзимкунандаи соҳаи электроэнергетика ва Шабакаҳои тақсимоти барқи Латвия мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи электроэнергетика, ҷанбаҳои амалии ташаккул ва фаъолияти бозори неруи барқ, сиёсати энергетикӣ, раванди ислоҳоти соҳа ва механизмҳои танзими давлатии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»