ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» ёддошти тафоҳум имзо шуд


14 сентябр дар Лондон вазири молияи Тоҷикистон бо намояндагони «Oppenheimer & Co. Inc.» ва «Citigroup Inc.» мулоқот карда, барои тақвияти ҳамкорӣ ёддошти тафоҳум имзо намуд.
14 сентябр дар шаҳри Лондон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Массимилиано Лами ва муовини раиси Бонки сармоягузории ширкати «Citigroup Inc.» Вилям Уивер баргузор гардид.
Дар ҳамин мулоқот Файзиддин Қаҳҳорзода ва Массимилиано Лами Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» ба имзо расониданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»