ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Дар Хатлон коҳиши талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимотӣ баррасӣ шуд


Дар як ҷаласаи корӣ дар Хатлон масъалаи коҳиши талафоти неруи барқ, ҳисоббаробаркунӣ ва ҷамъоварии пардохтҳо баррасӣ гардид.
Дар ҷаласаи корӣ бо кормандони филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар Кӯлоб ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар Бохтар масъалаи коҳиши талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа сатҳи талафоти техникӣ-иқтисодӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ҳолати ҳисоби неруи барқ, фаъолияти низоми пешниҳоди ҳисобномаҳо, ҷамъоварии пардохтҳо барои неруи барқ ва чораҳо барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳлил гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»