Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок мекунад


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Бангкок иштирок мекунад.
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 — АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд.
Ҷаласаҳо аз 12 то 18 октябр дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷаласаҳо аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи иқтисод ва молия мебошанд ва роҳбарони бонкҳои марказӣ, вазирони молия ва рушди иқтисод, намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмиро ҷамъ меоранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»