Дар Душанбе Конфронси сеюми забоншиносони кишварҳои ҳамзабон ва дорои фарҳанги муштарак ҷараён дорад


Дар Душанбе Конфронси сеюми забоншиносони кишварҳои ҳамзабон ва дорои фарҳанги муштарак бо мавзӯи «Забони мо - ҷаҳони мо» оғоз шуд.
Дар Душанбе Конфронси сеюми забоншиносони кишварҳои ҳамзабон ва дорои фарҳанги муштарак бо мавзӯи «Забони мо - ҷаҳони мо» ба кор оғоз кард.
Дар ин ҳамоиш забоншиносон ва муҳаққиқоне аз гӯшаву канори ҷаҳон иштирок доранд, ки бо омӯзиш ва таҳқиқи забони тоҷикӣ машғуланд. Тибқи иттилоъ, конфронс аз 5 бахш иборат буда, дар онҳо масъалаҳои «Таърихи забон ва масоили марбут», «Забон дар асри ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ», «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар давраи истиқлол» ва «Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон» баррасӣ мешаванд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»