Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад


21 сентябр даври сеюми озмун дар Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаҳои Ҳисору Рашт баргузор мешавад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз 2026-09-15, 21 сентябр даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Ҳисор ва Рашт баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар даври дуюми озмун аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68360 нафар довталаб иштирок намуда, 1744 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, 169 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»