Баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Чин


Дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин ҷонибҳо дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд.
18 сентябри 2026 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини намояндаи Чин дар музокироти байналмилалии тиҷоратӣ Лин Ҷзе баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла рушди занҷираҳои истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёр, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиётро баррасӣ карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»