Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд


22 сентябр дар шаҳри Теҳрон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Эрон, сафирон, ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, аҳли илму фарҳанг ва ҳамватанон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
22 сентябр дар шаҳри Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, аҳли илму фарҳанги кишвари иқомат ва ҳамватанон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ аҳаммияти таърихии истиқлолияти давлатиро ба унвони бузургтарин неъмат барои мардуми Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки 9 сентябри 1991 дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро баъди ҳазор сол аз давлати Сомониён тоҷикон дубора имкони таъсиси давлати миллии худро ва муайян кардани сарнавишташонро бо иродаи худ пайдо карданд.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»