21 ва 22 октябри 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ баргузор гардиданд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», ин чорабиниҳо бо масъулини Литсейи касбии техникӣ ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш доир шуданд. Зимни вохӯриҳо ба иштирокчиён оқибатҳои манфии амалҳои коррупсионӣ, роҳҳои пешгирии онҳо ва аҳамияти ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ расонида шуд. Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия вазифаи муштараки тамоми қишрҳои ҷомеа буда, пешгирии ин зуҳурот ба риояи қатъии қонун ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шахс вобаста аст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»