Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд


7 октябр дар Исломобод бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Покистон, ҳайатҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятии кишвари иқомат иштирок карданд.
Сафири Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода аҳаммияти истиқлолро ҳамчун дастоварди таърихӣ таъкид намуд. Вазири федералии банақшагирӣ, рушд ва ташаббусҳои махсуси Покистон Аҳсан Иқбол низ аз номи Ҳукумати Покистон сухани табрикӣ гуфта, дӯстӣ, бародарӣ ва шарикии стратегии ду кишварро муҳим арзёбӣ кард.
Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик, намоиши мардумшиносӣ, гӯшаи сайёҳӣ, намоиши таомҳои суннатӣ, гӯшаҳои аксбардорӣ ва намоиши аксҳо баргузор шуд. Чорабинӣ дар расонаҳои кишвари иқомат васеъ инъикос гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»