Ба ифтихори Рӯзи кинои тоҷик премераи сериали нав баргузор шуд


Дар Душанбе премераи сериали нави «Гулшан» аз ҷониби коргардон Мӯҳиддин Музаффар бо нақши асосии Сумая Раҷабова баргузор шуд. Ин силсила аз ҷониби студияи «Довфилм» таҳия шуда, дар чанд фасл ва дар маҷмуъ 90 қисм пешбинӣ шудааст.
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи кинои тоҷик премераи сериали нави «Гулшан»-и коргардон Мӯҳиддин Музаффар баргузор гардид. Нақши асосиро дар ин сериал Сумая Раҷабова иҷро кардааст.
Ба иттилои «Тоҷикфилм», ин лоиҳа аз ҷониби студияи «Довфилм» дар жанри драмавӣ таҳия шудааст ва дар чанд фасл идома меёбад. 20 қисми аввал аллакай сабт шудааст, дар маҷмуъ 90 қисм пешбинӣ гардидааст. Корҳо дар се соли оянда идома меёбанд ва намоиши фаслҳои нав дар солҳои 2027-2028 анҷом дода мешавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»