Нигина Ализода дар форуми илмии МАГАТЭ дар Вена ширкат кард


Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Нигина Ализода дар доираи иҷлоси 70-уми Конфронси генералии МАГАТЭ дар форуми илмии «Нурҳои умед: татбиқи кафолатҳои кумаки саратон» иштирок намуд.
ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Дар Вена ва дар доираи иҷлоси 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ), муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар форуми илмии «Нурҳои умед: татбиқи кафолатҳои кумаки саратон» ширкат кард.
Вай ба ҳозирин дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаи шуоъдармонӣ ва онкология муаррифӣ намуда, инчунин ҷараёни ҳамкорӣ дар доираи Барномаи миллии Тоҷикистон бо МАГАТЭ барои солҳои 2025–2030-ро шарҳ дод.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»