Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Токаев ба муносибати зодрӯзи Раҳмон табрик гуфта, ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон табодули назар карданд.
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Сарони давлатҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ибрози назар карда, ҷиҳати идомаи саъю талошҳои муштарак барои пешбурди босамари равобити ду кишвар изҳори омодагӣ карданд. Ҳамчунин ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи сатҳи олии дарпешистода баррасӣ шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»