ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад


Аз 22 то 23 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мегардад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Мӯҳлати баргузорӣ 22 то 23 октябри 2026 муайян шудааст.
Тибқи иттилоъ, дар форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок хоҳанд кард.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»