Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» доир гардид. Дар он роҳбарон ва олимони тоҷик, инчунин муҳаққиқони Эрон доир ба ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар адабиёту фарҳанг сухан гуфтанд.
ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ — эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар конференсия Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода ва мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода сухан намуданд. Таъкид шуд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ нақши бузург дорад.
Дар идома дар бораи мавзуъҳои марбут ба Рӯдакӣ, аз ҷумла ҷойгоҳи ӯ дар илми филология, адабиёти татбиқӣ, нубуғи шоирӣ ва аҳаммияти ҷаҳонии ашъораш маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Конференсия дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ идома ёфт.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»