Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд


24 сентябр дар Ню-Йорк, дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ, Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон мулоқот кард ва дар чанд нишасти сатҳи баланд иштирок намуд.
24 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк, дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон мулоқот карда, дар як чорабинии сатҳи баланд иштирок намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ карданд ва рушди ҳамкории пойдори ду давлатро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ таъкид намуданд. Ҳамчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамон рӯз ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ баргузор шуд, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард. Ӯ аҳаммияти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди инфрасохтор ва пайвастагии нақлиётиро барои рушди устувор таъкид намуда, ба таъсири тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва мушкилоти обу энергетика низ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ ҳам мавқеи Тоҷикистон ва ташаббусҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об матраҳ гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»