Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои қонун ва тағйироту иловаҳо баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Душанбе, 2026-10-21, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, таҳти раёсати Файзалӣ Идизода баргузор шуд.
Дар ҷаласа Протоколи якуми факултативӣ ба Конвенсия дар бораи додани шахсони ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумгардида барои адои минбаъдаи ҷазо ва як қатор лоиҳаҳои қонун, аз ҷумла дар бораи омори расмӣ, Кодекси об, Кодекси тандурустӣ, Кодекси манзил, арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, фаъолияти эҳсонкорӣ, тамғаҳои молӣ ва хизматрасонӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии осебдидагони фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил, суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, стандартонӣ, ангишт ва алоқаи фелдегерӣ баррасӣ шуданд.
Аз рӯйи ҳамаи ин санадҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»