Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди устувори иқтисодӣ дар Лондон муаррифӣ шуданд


Дар Лондон конфронсе бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон баргузор шуд ва вазири молияи Тоҷикистон дар он натиҷаҳои кишварро шарҳ дод.
14 сентябри 2026 дар Лондон конфронсе бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иштирок намуд.
Ба иттилои НИАТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ӯ маълумоти муфассалро дар бораи дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими буҷети давлатӣ ва қарз, беҳтар шудани захираҳои асъорӣ ва бахши бонкӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти барномаҳои ислоҳотӣ бо дастгирии Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Фонди субот ва рушди АвруОсиё пешниҳод кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»