Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд


6 октябри 2026 сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Кувайт Хусрав Нозирӣ аз дафтари рӯзномаи англисизабони «The Times Kuwait» боздид ва бо сардабири он мулоқот кард.
6 октябри 2026 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ аз дафтари рӯзномаи англисизабони «The Times Kuwait» боздид ва бо сардабири он Ториқ Юсуф Аш-Шумаймирӣ мулоқот намуд. Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкории расонаӣ, иттилоърасонӣ ва нақши расонаҳо дар бозтоби раванди тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуданд. Сафири Тоҷикистон аҳаммияти муаррифии зарфияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҷозибаҳои гардишгарӣ ва мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон, инчунин дастовардҳо ва чашмандозҳои ҳамкорӣ байни ду кишварро дар расонаҳои Кувайт таъкид кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»