Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
14 октябри 2026 дар Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таҳти раёсати намояндаи Хазинаи байналмилалии асъор баргузор гардид. Тоҷикистон дар ин нишаст дар бораи вазъи макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодӣ маълумот пешниҳод кард.
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябри 2026 дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таҳти раёсати муовини Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор шуд. Дар кори он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор баргузор шуда, ҷониби Тоҷикистон доир ба вазъи макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои мамлакатҳои минтақа ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба буҷет, сатҳи нархҳо ва амалӣ намудани сармоягузориҳои афзалиятнок таъкид шуд. Инчунин зарурати таъмини дастрасӣ ба маблағгузории имтиёзнок барои амнияти энергетикиву озуқаворӣ, таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди инфрасохтор ва пешниҳоди дастгирии саривақтӣ тавассути воситаҳои ҳамоҳангшудаи вокуниш ба буҳронҳо иброз гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»