5 октябри 2026 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин иншоот бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори минтақа ба истифода дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябр дар ҳамин минтақа бинои нави маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик-Алмос» низ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин Сарвари давлат бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, ба бунёди он санги асос гузоштанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»