Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар шаҳри Ваҳдат


24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан карданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти заҳматкашони шаҳр, аз ҷумла сабзавот, навъҳои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод шуда буд. Ба гуфтаи масъулон, ин дастовардҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони шаҳр шаҳодат медиҳанд.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар 9 моҳи соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расонидаанд, ки ба 108.1 дарсади дурнамо баробар аст. Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, васеъ кардани гармхонаҳо, парвариши чорвои хушзот, зиёд намудани саршумори паранда, густариши ҳавзҳои моҳипарварӣ, лӯбиёиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»