Дар мулоқоти Парвиз Нориён бо директори генералии ширкати кореягии «InSpace» масъалаи рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 31.10.2026. Масъалаи рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо директори генералии ширкати «InSpace»-и Корея Мёнҷин Чой баррасӣ гардид.
Дар мулоқот таъсиси зерсохтор барои қабулу коркард ва таҳлили маълумоти моҳворавӣ, инчунин истифодаи технологияҳои муосир барои мониторинги пиряхҳо, захираҳои обӣ, заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ муҳокима шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро дар самти рушди технологияҳои моҳворавӣ, мубодилаи таҷриба, омодасозии мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»