Дар ҳошияи Sibos 2026 ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва SWIFT баррасӣ шуд


Дар мулоқоти ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони SWIFT масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалии бонкӣ, рушди зербинои пардохтҳои фаромарзӣ ва таҳкими ҳамгироии низоми бонкии Тоҷикистон бо зербинои молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
30-09-2026. Дар ҳошияи Sibos 2026 ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси бонк Фирӯз Шарифзода бо намояндагони ташкилоти SWIFT мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалии бонкӣ, рушди зербинои пардохтҳои фаромарзӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамгироии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зербинои молиявии ҷаҳониро баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»