Дар Сеул ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаи содирот баррасӣ гардид. Ҷонибҳо оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ва таъсиси маркази агрологистикӣ суҳбат карданд.
Дар Сеул имрӯз дар мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) хонум Мисс Ёнг-Ах-Дох ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти содирот баррасӣ шуд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, Тоҷикистон имкони зиёде дорад, ки молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, ангур, себ, афшураҳои мева, асал, чормағз, меваи хушк ва маҳсулоти саноатӣ, бахусус нахи пахта, алюминий ва дигар намудҳоро ба Ҷумҳурии Корея содир кунад.
Ҳамзамон масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби KOICA барои бунёд ва ба истифода додани маркази агрологистикӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки чунин марказҳо имкон медиҳанд маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои кореягӣ бандубаст шуда, бо нархҳои муносиб ба бозорҳои Корея ва бозорҳои сеюм содирот гардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»