Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳаштумин мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок кард


Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Авазаи Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуд.
8 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳаштумин мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок карда, суханронӣ намуд.
Ӯ дар суханронии худ ба зарфияти калони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳ ҷалб кард ва захираҳои ғании минтақаро таъкид намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»