Душанбе, 2026-10-20 /АМИТ «Ховар»/ Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии асъори хориҷӣ ва қурби миёнаи фурӯши нақдро дар муассисаҳои қарзӣ эълон кард.
ДУШАНБЕ, 2026-10-20 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.2351 сомонӣ, 1 евро — 10.3664 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1116 сомонӣ. Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассисаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ, 1 евро аз 10.3500 то 10.4500 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1135 сомонӣ. Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки анҷом додани амалиёти мубодилавӣ берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо қатъиян манъ аст ва риоя накардани ин талабот аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ҳисобида шуда, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ гардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»