Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми Маркази минтақавии RILO-Москва бо иштироки намояндагони мақомоти гумруки чанд кишвар баргузор шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Маркази минтақавии RILO-Москва, сохтори Созмони ҷаҳонии гумрук, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва мубодилаи иттилоот дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти гумрук ва сохторҳои ваколатдори Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок карданд. Азим Турсунзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши шабакаҳои миллии алоқаи мақомоти гумрукро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои узв муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, асъор, арзишҳои фарҳангӣ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз самтҳои афзалиятнок номида шуд. Дар анҷом самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи RILO-Москва барои соли 2027 муайян ва тасдиқ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»