Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе масъалаҳои таҳкими низоми молиявию бонкӣ, беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ баррасӣ шуданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-28 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати БАТР таҳти роҳбарии ноиби президенти он Маттео Патроне дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими низоми молиявию бонкӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусиро муҳокима карданд. Ба такмили низоми суғурта, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, рушди маблағгузории устувор ва дастгирии лоиҳаҳои сабз таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои татбиқи принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ, рушди механизмҳои тақсими хавфҳо ва беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон, бахусус субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории дарозмӯҳлат баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда изҳор намуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»