Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид


Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 709.3 ҳазор тонна маҳсулоти меваҷот ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6.5 ҳазор тонна ё 0.9 фоиз кам аст. Олимони соҳаи кишоварзӣ гуфтанд, ки сармо дар моҳҳои март ва апрел ва боронҳои пайдарпай ба коҳиши ҳосилнокӣ таъсир расонданд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 709.3 ҳазор тонна маҳсулоти меваҷот ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба миқдори 6.5 ҳазор тонна ё 0.9 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли зардолу дар ин давра 115.1 ҳазор тонна кам гардид.
Олимони соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд, ки омили асосии коҳиш ёфтани ҳосилнокӣ тағйирёбии иқлим ва номусоиди обу ҳаво мебошад. Паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои март ва апрел ба давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда рост омад. Инчунин бориши боронҳои пайдарпай раванди гардолудкунии табииро аз ҷониби ҳашароти фоидаовар, аз ҷумла занбӯри асал, маҳдуд намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»