Дар Душанбе семинари ташхиси макроиқтисодӣ баргузор шуд


Бо ибтикори Маркази минтақавии рушди тавонмандии ХБА барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва бо ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе семинари ташхиси макроиқтисодӣ баргузор гардид.
Бо ибтикори Маркази минтақавии рушди тавонмандии ХБА барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва бо ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе семинари ташхиси макроиқтисодӣ баргузор гардид. Дар семинар намояндагони Парлумони Тоҷикистон, Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ иштирок карданд.
Таъкид шуд, ки дар шароити тағйир ёфтани вазъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши номуайянӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои макроиқтисодӣ, пешгӯии дақиқ ва сари вақт муайян кардани хатарҳои эҳтимолӣ барои қабули қарорҳои асоснок дар сиёсати иқтисодӣ аҳамияти муҳим доранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»