Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд. Иншоот барои беҳтар кардани шароити кори кормандони гумрук, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва такмили расмиёти гумрукӣ бунёд шудааст.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар медиҳад.
Тибқи маълумот, бино бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони мақомоти гумрук, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва такмили расмиёти гумрукӣ бунёд гардидааст. Дидбонгоҳ бо шароити муосири корӣ таъмин буда, ба низоми байналмилалии иттилоотии гумрукии ASYCUDA тавассути интернети баландсуръат пайваст шудааст.
Истифодаи имкониятҳои ин низом ба такмили равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, мубодилаи фаврии иттилоот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақа мусоидат мекунад. Рушди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»