Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Хулоса ва заминаи хабар
Дар Душанбе намояндагони Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноатро баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 2026-09-26 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар бахши саноат тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Намояндаи тиҷоратии Ҳукумати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Лорд Ҷон Алдердайс дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои саноат, иктишофи геологӣ, омӯзиши кадрҳо, истихроҷ ва коркарди амиқи канданиҳои фоиданок мавриди баррасӣ қарор доданд.
