Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими соҳаи энергетика дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ як қатор иншооти муҳими энергетикиро, ки дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ва Мурғоб бунёд шуда буданд, ба истифода дод.
Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 110/35 киловолтаи Қозидеҳро дар деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим мавриди истифода қарор дод. Гуфта шуд, ки иншоот дар доираи лоиҳаи Барқикунонии вилояти Бадахшон сохта шуда, барои таҳкими шабакаи барқӣ ва беҳтар шудани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар ноҳия пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Шуғнон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт ба истифода дода шуд. Ба иттилои расмӣ, неругоҳи офтобии деҳаи Рож яке аз иншооти бузурги истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда мебошад ва барои он 4 752 панел истифода шудааст. Сарвари давлат инчунин неругоҳи офтобии 112 киловаттӣ дар деҳаи Вранҷани ноҳияи Рӯшон, неругоҳи хурди обии 25 киловаттӣ дар деҳоти Бартанги Рӯшон, неругоҳи обии 15 киловаттӣ дар деҳаи Девлохи деҳоти Барӯшон ва ду неругоҳи таҷрибавии бодии дорои иқтидори умумии 200 киловатт дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғобро ба таври фосилавӣ ба истифода дод.
Дар ҳамин мавзеъ панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1138 киловатт ва захираи энергия дар батареяҳо ба 590 киловатт-соат низ насб шудаанд. Ҳамчунин хатти интиқоли барқи 110 киловолт дар ноҳияи Рӯшон бо масофаи 42 километр мавриди истифода қарор гирифт, ки ба устуворӣ ва эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»