Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва бо тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Мактаб чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, барои 4000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар он 73 синфхона мавҷуд буда, 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз барои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд.
Муассиса инчунин дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 300 курсӣ, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат мебошад. Дар муассиса 38 омӯзгор фаъолият мекунад ва раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»