19 October 2026 - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави раёсати маорифро ифтитоҳ карданд.
19 October 2026, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад.
Дар бинои нав барои фаъолияти самараноки кормандон тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Ҳадаф аз чунин бунёдҳо таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мебошад.
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»